Пайвандҳои дастрасӣ

Аввалин боздид аз кишвари ҳамсоя дар 33 соли ахир


Қарор аст имрӯз Абдулло Гул-раиси ҷумҳури Туркия аз Ироқ боздид кунад. Ин нахустин боздиде аз ин қабил дар беш аз 30 соли ахир мебошад ва дар ҷараёни он масъалаи ҳассос ва мушкили шӯришиёни курд барррасӣ мешавад. Ин боздид ду рӯз давом мекунад. Як нафар аз ҳайати ҳамроҳони Абдулло Гул дар Анкара гуфт, интизор меравад, ки раиси ҷумҳури Туркия дар Бағдод бо Ҷалоли Талабонӣ-раиси ҷумҳур ва бо Нурӣ ал Моликӣ-нахуствазири Ироқ дидор ва гуфтугӯ кунад. Абдулло Гул нахустин раҳбари Туркия аст, ки дар 33 соли ахир аз Ироқи ҳамсоя боздид мекунад. Бори ахир дар соли 1976 аз Ироқ Фаҳрӣ Корутурк боздид карда буд.
XS
SM
MD
LG