Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвиз Собиров - барандаи Ҷоми Наврӯз-2009


Паҳлавони маъруфи тоҷик Парвиз Собиров барандаи Ҷоми Наврӯз-2009 гардид.

Мусобиқаи ҷумҳуриявии гуштии миллӣ бахшида ба Иди Наврӯз 22-юми март дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бо ширкати 75 нафар паҳлавонон аз манотиқи мухталифи кишвар дар ду гурӯҳ баргузор шуд.

Парвиз Собиров, корманди Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, дар сабқати гуштигирони вазнашон беш аз 80 кг дар даври ниҳоӣ бар ҳарифаш Далер Арзиев, узви дастаи Бошгоҳи марказии варзишии артиши Вазорати дифоъи кишвар, пирӯзӣ ба даст овард. Ба Парвиз Собиров ҷоизаи аслии ин мусобиқа – Ҷоми Наврӯз, ки арзиши он 1100 сомонӣ мебошад, супурда шуд.

Бародари Парвиз – Фаррух Собиров, донишҷӯи Донишкадаи варзиши Тоҷикистон, дар сабқати гуштигирони вазнашон то 80 кг ғолиб омад. Вай дар даври ниҳоӣ бар ҳарифаш Сулаймон Сулаймонов, аз Бошгоҳи марказии варзишии артиши Вазорати дифоъи кишвар, дастболо шуд.
XS
SM
MD
LG