Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Фаррух Амонатов ба ҷои 5-ум фуромад


Шатранҷбози тоҷик Фаррух Амонатов дар мусобиқаи байнулмилалӣ оид ба шоҳмот барои гиромидошти хотираи аввалин гроссмейстери Узбакистон Георгий Аъзамов, ки дар шаҳри Тошканд ҷараён дорад, бо 4,5 имтиёз байни 98 нафар ҷои панҷумро касб кардааст.

Гроссмейстер Фаррух Амонатов дар 3 бозӣ ғолиб омада, 3 бозиро мусовӣ анҷом додааст.

Пас аз 6 даври мусобиқа гроссмейстери рус Виталий Сешковский бо 5,5 имтиёз дар ҷои аввал қарор дорад. Се нафар – Юрий Кузубов (Укроин), Вадим Малахатко (Белгия) ва Антон Филиппов (Узбакистон) 5-имтиёзӣ ба даст овардаанд.

Шатранҷбозони тоҷик Соҳиб Ҷӯраев бо 4,5 имтиёз дар ҷои 12-ум ва Темур Гадоев бо 3,5 имтиёз дар ҷои 46-ум ҷойгир шудаанд. Намояндагони дигари Тоҷикистон Неъмат Зиёев 3 имтиёз, Асила Мӯҳтоҷзода 2,5 имтиёз, Давлатмамад Сангмамадов 2 имтиёз ва Сӯҳроб Ҳошимов 1,5 имтиёз доранд.
XS
SM
MD
LG