Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

17 қурбонии суқути ҳавопаймое дар Амрико


Дар аёлати шимолуғарби Монтанаи Амрико дар натиҷаи суқути ҳавопаймое 17 нафар ба ҳалокат расиданд. Ҳавопаймо аз Калифорния парвоз карда дар маҳалле тақрибан 150 метр дуртар аз хати парвозҳо дар фурудгоҳи шаҳри Биют болои як қабристоне суқут кард. Шоҳидон мегӯянд, ки соатҳои фоҷеа ҳаво ғуборолуд будааст. Дар миёни қурбониҳо шуморе аз кӯдакон низ буданд, ки барои таътилу лижасаворӣ ба Монтана мерафтанд. Мақомоти федеролии ИМА барои таҳқиқи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз карданд.
XS
SM
MD
LG