Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суқути ҳавопаймое дар Ҷопон


Тибқи гузоришҳо, дар Ҷопон ҳавопаймои борбаре ба ҳангоми нишасти изтирорӣ пора шуда оташ гирифт. Ин ҳодиса субҳи имрӯз ба вақти Токио дар фурудгоҳи "Нарито"-и воқеъ дар наздикии пойтахти Ҷопон рӯй дод. Ҳанӯз иттилое роҷеъ ба мизони хисороти моливу ҷонӣ дар даст нест. Ҳавопаймои навъи MD-11 марбут ба ширкати Federal Express мебошад, ки аз Гуанҷои Чин ба Токио парвозе анҷом медод. Мушаххас шудааст, ки дар дохили ҳавопаймо як халабон ва ёвари ӯ қарор доштанд. Роҷеъ ба сарнишинони дигари ҳавопаймо иттилое дар даст нест.
XS
SM
MD
LG