Пайвандҳои дастрасӣ

Даъвати Гелониву Шариф ба мусолиҳаи миллӣ


Нахуствазири Покистон Юсуф Ризо Гелонӣ ва раҳбари мухолифин Навоз Шариф барои дастёбӣ ба мусолиҳаи миллӣ ба хатми бӯҳрони сиёсии кишвар даъват карданд, аммо дар айни замон аз ҳеҷ созиши мушаххасе дар ин замина ёд накарданд. Ин ду нафар дар ҳоле мулоқот карданд, ки баъди 16 моҳи барканориаш аз мақом, раиси додгоҳи олии Покистон Ифтихор Чодурӣ дубора сари кор баргашт. Барканории Чодурӣ боиси сар задани эътирозҳои шадиди сартосарии аъзои ҳизбҳои мухолифин ва ҳуқуқшиносон гардид, ки тақозои барқарор шудани низоми мустақили додгустарӣ дар кишварро мекарданд. Августи соли гузашта, баъди он ки раиси ҷумҳурии Покистон Осифалии Зардорӣ барқарор шудани Чодурӣ дар мақомашро рад кард, Навоз Шариф, раиси лигаи мусалмонон ҳайати эътилофи миллиро тарк кард.
XS
SM
MD
LG