Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии Кумиссиюни амрикоӣ аз қонуни нави дин


Кумиссиюни амрикоии озодии эътиқод аз тасвиби тарҳи қонуни дин ва созмонҳои динии Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кардааст. Ин созмон гуфтааст, раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон омода аст ин қонунро ба тасвиб расонд, дар ҳоле ки бархе талаботи он хилофи ӯҳдадориҳои байналмиллалии давлати Тоҷикистон аст. Ба қавли ин созмон, агар қонуни нави дини Тоҷикистон расмӣ шавад, сиёсати сахтгиронаи ҳукуматро бар рӯи сокинони мусалмони ин кишвар қонунӣ сохта, боиси баста шудани садҳо масҷид ва маҳдудият дар таълими дин мегардад. Ва дар варақаи иттилоии нашркардаи Кумиссиюни амрикоии озодии эътиқод омадааст, ки ин қонуни нави дин дар Тоҷикистон озодии эътиқод дар кишварро маҳдуд мекунад. Кумиссиюни мазкур гуфтааст, ки раиси ҷумҳури Тоҷикистон қабл аз тасвиби ин қонун бояд андеша кунад ва афзудааст, феълан ин комиссиюн вазъ дар Тоҷикистонро ба хотири ворид кардан ва ё накардани ин кишвар ба «Феҳристи назорат» мавриди омӯзиш қарор додааст ва тасмим дорад дар робита раиси ҷумҳури ИМА Барак Обамаро огаҳ кунад.
XS
SM
MD
LG