Пайвандҳои дастрасӣ

Истиқболи Бан Ки-мун аз ташаббуси Осиёи Марказӣ


Дабири кулли СММ, Бан Ки-мун аз минтақаи бидуни силоҳи ҳастаӣ эълон шудани Осиёи Марказӣ истиқбол кард. Созишномаи марбутаи имзокардаи Тоҷикистон, Туркманистон, Узбакистон, Қазоқистон ва Қирғизистон аз рӯзи 21-уми март вориди амал шуд. Ин аввалин минтақаи бидуни силоҳи ҳастаӣ дар нимкураи шимолист. Нахустин тарҳи ин қарордод дар моҳи сентябри соли 2002 ба имзо расида буд. Минтақаҳои ҳамсони орӣ аз силоҳи ҳастаӣ дар Амрикои Лотин, Африқо, Уқёнуси Ором ва Осиёи Ҷанубу Шарқӣ воқеъ буда, наздик ба 100 кишварро муттаҳид мекунанд.
XS
SM
MD
LG