Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дерипаска бахше аз моликияташро ба Прохоров дод


Соҳибкори шинохташуда ва яке аз сарварони саноати алюмини Русия, Олег Дерипаска, имрӯз гуфт, ба кандани қарзи худ аз ширкати сармоягузории Михаил Прохоров бо василаи ба ихтиёри ӯ гузоштани саҳмияҳои ширкатҳои худ розӣ шудааст. Прохоров аз сарватмандоне мебошад, ки бӯҳрони иқтисодӣ ба ӯ камтарин осебро расонда, ва ҳоло яке аз пулдортарин афроди Русия ба шумор меравад. Дар изҳороти ширкати "РусАЛ"-и Дерипаска гуфта мешавад, ду тараф ба созиш расидаанд, ки 2 миллиард воми "РусАЛ" дар шакли саҳмияҳо дар ихтиёри ширкати "Онексим"-и Прохоров гузошта шавад. Сармояи Прохоров, ки саноати никел ва тилои Русияро дар даст дорад, 14 миллиарду 100 миллион доллар тахмин зада мешавад.
XS
SM
MD
LG