Пайвандҳои дастрасӣ

Рекорди дави баҳории як сокини солхӯрдаи Токио


Шаҳрванди 65-солаи Ҷопон, Окинорӣ Касуда, тайи 52 рӯз ҳар рӯз як масофаи марафонӣ, яъне 42 километру 195 метрро давида, бо ин вориди Китоби рекордҳои Гиннес шуд. Ин хабар дар оғози марафони Токио аз тарафи ташкилкунандагони он эълон шуд. Дар дави марафонӣ наздик ба 35 ҳазор нафар ширкат карданд. Аммо марафони худро Касуда рӯзи 30 январ сар карда, имрӯз ба поён расонд. 120 нафар ҳамарӯза масофа ва вақти дави ӯро мустанад кардаанд. Соли гузашта, як шаҳрванди Италия ин корномаро ба ҷо оварда буд, аммо вай 51 рӯз ҳамарӯза дави марафонӣ анҷом дод. Бархе аз ҷопониҳо мегӯянд, тамоми зиндагии онҳо марафон аст, ба вижа дар давраи б ӯҳрони иқтисодӣ.
XS
SM
MD
LG