Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи сафари Попи Рум дар Ангола


Попи Рум, Бенедикти XVI имрӯз дар Луанда, пойтахти Ангола дар ҳавои кушод якҷо бо садҳо ҳазор нафар намоз гузошт. Исқуфҳои мамолики ҷануби Африқо дар ин муноҷот паҳлуи ӯ қарор доштанд. Ба ин ибодати бошукӯҳ марги чаҳор ҷавон дар зери пои издиҳом дирӯз дар варзишгоҳи Луанда соя афканд. Поп дар варзишгоҳ бо ҷавонони Ангола мулоқот мекард. Федерико Ломбардӣ, сухангӯи Ватикон, гуфт, поп аз хабари марги ҷавонон хеле андӯҳгин шуд ва дард кашид.
XS
SM
MD
LG