Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси Додгоҳи Олии Покистон ба мақомаш баргашт


Раиси Додгоҳи Олии Покистон, ки 16 моҳ пеш тибқи вазъи фавқулодаи ҷорикардаи президенти вақти ин кишвар, генерал Парвиз Мушарраф, барканор гашта буд, аз нав вориди утоқи кории худ шуд ва ба иҷрои вазифааш идома дод. Раҳпаймоиҳои эътирозии вакилони ҳуқуқӣ ва тарафдоронони аҳзоби мухолифи давлат ба Ифтихор Чоудрӣ имкон дод, дубора ба Додгоҳи Олӣ баргардад. Раиси ин додгоҳ, Абдуҳамид Дгар, ки баъд аз эълони вазъи фавқулодаи Мушарраф дар соли 2007 ба мақом расида буд, эълон кард, ки бознишаста мешавад. Ҳукумати нави Покистон ибтидо ваъда дода буд, ки Чоудриро ба мақомаш бармегардонад, аммо танҳо ҳафтаи гузашта, зери фишори эътирозҳои густарда ба ваъда вафо кард.
XS
SM
MD
LG