Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози кори телевизиони ҷаҳонии туркзабонон


Раисиҷумҳури Туркия Абдуллоҳ Гул дар рӯзи Наврӯз шабакаи нави байнулмилалии телевизиони давлатии "Овоз"-ро ифтитоҳ кард, ки барои ҳамаи кишварҳои туркзабон намоиш пахш мекунад. Вай дар расми оғози кори ин шабакаи ҷаҳонӣ гуфт, вожаи "овоз" ба ҷаҳони туркзабон, ки зиёда аз 250 миллион нафарро муттаҳид мекунад, ошност ва барномаҳои телевизиони нав ба 27 кишвари олам паҳн хоҳанд шуд. Гул изҳори умедворӣ кард, ки шабакаи нав халқҳоеро, ки дар Осиёи Марказӣ, Ховари Миёна ва Балкан ба сар бурда, фарҳанг ва таърихи муштарак доранд, боз ҳам бештра ба ҳам пайванд хоҳад дод. Дар нахустин намоишҳои телевзиони "Овоз" ситораҳои мусиқии Туркия, Озарбойҷон, Қирғизистон, Туркманистон ва дигар мамолик ширкат карданд. Қарор аст, намоишҳои он хабарию фарҳангӣ буда, кормандон ва барандагони барномаҳо аз кишварҳои гуногун даъват шаванд.
XS
SM
MD
LG