Пайвандҳои дастрасӣ

Сокинони Хоруғ субҳи 21 мартро бо садои даф ва пас аз нам-нами боронҳои рузҳои ахир бо осмони соф пешвоз гирифтанд.

Мардум либосҳои навро ба тан карда, аз субҳ дар кучаҳои шаҳр ба шодмонӣ пардохта буд. Аммо бархе аз хонаводаҳо, ки чаҳоршанбеи гузашта ба анҷоми маросими хонатаконӣ ва ё оини покизагӣ дасташон нарасида буд, имрӯз аз саҳар ҷиҳози хонаро барои шамол хӯрдан ва тамиз намудан рӯи симу арғамчин дар пеши ҳавлиҳояшон қатор намуда буданд.

Наврӯзи Бадахшон дар маркази вилоят бо баргузории намоиши идона бо ширкати идораву муассисаҳо ва макотиб ва барномаи театрикунонидашуда таҳти унвони «Тоҷикистон- ватани Наврӯз» идома ёфт. Дар намоиш рақсу таронаҳои наврӯзӣ ва бозиҳои мардумӣ ба тамошобинон пешкаш гардид. Шоҳ Ҷамшед, ки пайдоиши оини наврӯзро ба даврааш бастагӣ медиҳанд, мардумро ба ифтихори ин ҷашн табрик гуфт.

Намоиши ҳунарҳо ва фаровардаҳои дастӣ яке аз ҷузвҳои ҷашни наврӯзӣ дар Бадахшон аст.

Иштирокдорони озмуни «Маликаи Наврӯз» на фақат ҳусн, балки ҳунари дастон ва маҳорати суханвариро ба маърази тамошо гузоштанд.

Дар Бадахшон дар наврӯз мардум ҳамдигарро бо вожаи «Шогун баҳор муборак» таҳният мегӯянд. Ба ақидаи муҳаққиқон, Шогун ва ё Шоҳгон ба мисли ҷашнҳои ориёии Меҳргон ва Тиргон аз бузургтарин идҳои ин мардум буда, маънои шоҳи ҷашнҳоро доштааст ва ҳамчунин муродифи рӯзи нав, сайид, хуҷаста ва фоли нек будааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG