Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокуниши оятуллоҳ Хоманаӣ ба паёми Барак Обама


Раҳбари олии Эрон оятуллоҳ Алии Хоманаӣ гуфтааст, агар Вошингтон бархӯрдаш бо Эронро иваз кунад, кишвараш омодааст, муносибати худро ба Иёлоти Муттаҳида тағйир диҳад. Вале ӯ афзуд, бо вуҷуди паёми видеоии раисиҷумҳури Амрико, Барак Обама, далоили чунин тағйирро намебинад. Навори Обама рӯзи панҷшанбе пахш шуд. Дар он президенти Амрико Наврӯзро ба мардуми Эрон шодбош гуфт ва ба оғози наве дар равобити Иёлоти Муттаҳида ва Эрон даъват кард, дар заминаи ҳамкорӣ барои сулҳ.
XS
SM
MD
LG