Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лавров Аврупоро ба таъсиси минтақаи нуфуз айбдор намуд


Вазири умури хориҷии Русия, Сергей Лавров имрӯз Иттиҳоди Аврупоро дар талошҳои бунёди минатқаҳои нуфуз айбдор кард. Ин изҳорот дар ҳоле садо медиҳад, ки Иттиҳоди Аврупо ба 6 кишвари шӯравии собиқ ҳамкории наздиктар пешниҳод кардааст. Дар нишасти хабарӣ дар Бруссел, Лавров гуфт, барномаи "Ҳамкории шарқӣ"-и Иттиҳоди Аврупо, таъсиси минтақаи нуфузест, ки Беларус низ шомили он хоҳад буд. Рӯзи ҷумъа сарони Иттиҳоди Аврупо тарҳи иборат аз 600 миллион евроро ба тасвиб расонданд, ки тибқи он, равобити иттиҳод бо Арманистон, Беларус, Гурҷистон, Молдова, Озарбойҷон ва Украина бояд таҳким ёбад. Ин барнома, ки қарор аст аз 7 май оғоз ёбад, густариши ислоҳоти демократӣ ва иқтисоди ин кишварҳоро дар назар дорад.
XS
SM
MD
LG