Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Наврӯз дар Қирғизистон


Тантанаи наврӯзии имсола дар Бишкек тибқи маъмул дар майдони марказии Ала-Тоо баргузор шуд.

Президент Қурмонбек Боқиев дар ин тантана ширкат кард ва мардуми кишварашро бо фарорасии иди Наврӯз табрик гуфт.

Дар Қирғизистон анъана шудааст, ки як гурӯҳ занон дар даст табақча бо дуди ҳазориспанд ба саҳна мебароянд ва ин анъана имсол низ такрор шуд. Ин як суннати мардуми қирғиз буда, ҳамасола анҷом дода мешавад ва ба ин васила занон аз худованд аз ҳар гуна балову қазо эмин доштани кишвари худро таманно мекунанд. Баъд дар майдони Ала-Тоо гурӯҳҳои ҳунарӣ барномаҳои консертии худро ба маърази тамошо гузоштанд.

Як шоҳиди ин ҳодиса, ки худро Зафар Замиров муаррифӣ кард, мегӯяд, дар Қирғизистон як хусусияти таҷлили иди Наврӯзро дар он мебинад, ки дар барномаҳои консертии идона намояндагони аксари миллатҳо ширкат мекунанд. Вай афзуд, онҳо санъату ҳунари волои мардуми худро меаррифӣ менамоянд, ки қобили таҳсин аст.

Бояд гуфт, ки тантанаҳои наврӯзӣ ҳамчунин дар яке аз тарабхонаҳои шаҳри Бишкек идома кард, ки аз ҳафт хаймаи бузург иборат аст. Ин чорабинии наврӯзӣ бо ибтикори намояндагиҳои дипломатии муқими Қирғизистон, аз ҷумла сафорати ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бишкек, роҳандозӣ шуд. Шодиёнаи мардум, ки ба ин тарабхона гирди ҳам омада буданд, то шом давом кард ва онҳо аз рақсу таронаҳои тоҷикӣ, ки дар хаймаи махсус баргузор шуд ҳаловат бурданд.

Тантанаҳои наврӯзӣ дар Қирғизистон чанд рӯзи дигар идома хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG