Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Наврӯз дар қораи Антарктида


Дар Антарктидаи дурдаст ва яхбаста имсол Наврӯзро таҷлил мекунанд.

Абдулҳамид Қаюмов, донишманди тоҷик, ки ҳоло дар ин қораи зебои Замин аст, дар сӯҳбати ихтисосӣ бо радиои Озодӣ аз истгоҳи «Мирний» дар Антарктида гуфт, Наврӯзро бо ҳамкорон таҷлил хоҳад кард.

Абдулҳамид Қаюмов беш аз чаҳор моҳ аст, ки дар Антарктида ҳамроҳ бо донишмандони рус ба таҳқиқи тағйири иқлим машғул аст. Хабарнигори мо Тоҳири Сафар бо ӯ дар остонаи Наврӯз сӯҳбате орост.

Суол: Дар Антарктида, ки нишонае аз фарорасии Наврӯз надорад, Шумо идро қайд мекунед?

Абдулҳамид Қаюмов: Мо дар ин ҷо иди Наврӯзро ҳамроҳ бо ҳамкорон қайд мекунем. Ҳамзамон бо фарорасии Наврӯз экспедитсияи мо ба охир расид. Ҳамкорон ба ман, ҳамчун ба намояндаи Осиёи Марказӣ, рамзи Антаркидаро дар робита ба Наврӯз тӯҳфа карданд. Ва, албатта, ман ҳам барои онҳо ҳадяҳои наврӯзӣ пешкаш кардам.

Суол: Наврӯзро барои кадом хосияташ дӯст медоред?

Абдулҳамид Қаюмов: Наврӯз идест, ки пеш аз ҳама номи хуб дорад, яъне навӣ, рӯзи нав, соли нав. Ин тағйироти табиат ва муҳити зист аст. Ин рӯзро мо дар Антарктида ҳамчунин барои он қайд мекунем, ки аз рӯзи Наврӯз муҳит ин ҷо тағйир меёбад ва зимистони сахт оғоз мешавад ва тарзи либоспӯшӣ, тарзи равиши кор ва коргузорӣ куллан дигар мешавад. Мо дар ин ҷо бо фарорасии Наврӯз баръакс оғози зимистонро қайд мекунем. Дар Антарктида авҷи зимистон моҳи июн мебошад.

Суол: Дар ин тақрибан ним соле, ки дар Антарктида ҳастед, бештар чиро пазмон шудед?

Абдулҳамид Қаюмов: Албатта бештар аз ҳама Тоҷикистони офтобиро ва ёру дӯстонро пазмон шудам. Ва омадани ман ба Антарктида барои Тоҷикистон аст ва барои муаррифӣ кардани соҳаи илми Тоҷикистон дар сатҳи байнулмилалист. Доимо қуллаҳои баланди ватанро бо қуллаҳои яхии ин ҷо муқоиса мекунам. Офтоби онро, обҳои равони онро ва чеҳраҳои кушоди мардуми онро пазмон шудаам.

Суол: Агар мепурсиданд, ки зебоии Антарктидаро чӣ гуна аст, онро чи тавр тасвир мекардед?

Абдулҳамид Қаюмов: Зебогии Антарктида ин бузургии он ва иқлими хоси он аст. Дар давоми як рӯз ин ҷо метавонад ҳарорати ҳаво 5 дараҷа сард бошад ва якбора ба 40 дараҷа тағйир ёбад. Ва шамолҳояш низ хеле тағирёбандаанд. Ва ҳавои он пешгӯинашаванда аст. Масалан, як ҳафта пеш суръати вазиши шамол 40-42 метр дар як сония ва ҳарорат 18 дараҷа хунук буд, ки дар якҷоягӣ таъсири сардиро то 60 дараҷа бурда буд.

Суол: Аз ин гуна бодҳои сахт дилгир намешавед?

Абдулҳамид Қаюмов: Пеш аз омадан ба Антарктида ман дар бораи чунин иқлими он иттилоъ доштам ва руҳан ба ин омода будам. Аз ин рӯ барои ман чунин сардиҳо ва шамолҳо ғайриинтизор набуд ва мушкиле ҳам эҷод накард.

Суол: Агар дар Тоҷикистон мебудед, Наврӯзро чӣ гуна таҷлил мекардед?

Абдулҳамид Қаюмов:
Албатта, пеш аз ҳама суманак мепухтем, бо ёру дӯстон ва хешу табор вомехурдем ва ба сайргашт мебаромадем. Ин се кори ҳатмист, ки мо ҳар сол дар Тоҷикистон ҳангоми Наврӯз мекардем.

Суол: Таманнои наврӯзии Шумо ба мардуми Тоҷикистон чист?

Абдулҳамид Қаюмов: Ба мардуми шарифи Тоҷикистон дар иди Наврӯз пеш аз ҳама саломатӣ, хушбахтӣ орзу мекунам, мехоҳам, ки Тоҷикистон доим шукуфон бошад ва мардуми он дар талоши дастовардҳои нав бошанд.

Суол: Вақте ман дар хонаам гуфтам, ки бо олими тоҷик аз Антарктида мусоҳиба мекунам, духтарчаи хурдам хост аз Шумо пурсам, ки оё хирси сафедро дидед, ё не?

Абдулҳамид Қаюмов:
Дар ин ҷо, мутаассифона, хирси сафед нест. Хирсҳои сафед дар Қутби Шимол ба сар мебаранд. Вале дар Антарктида пингвинҳо ҳастанд. Ба духтараки хушрӯи шумо ман ҳатман расми як пингвинро ҳамчун ҳадяи наврӯзӣ хоҳам фиристод.

Ташаккур.
XS
SM
MD
LG