Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Наврӯз дар Тоҷикистон фаро расид


Бино ба таъйиди мутахассисони ситорашиносӣ, соати 11-у 44 дақиқаи рӯзи 20-уми март Наврӯзи хуҷастапай дар Тоҷикистон фаро расид.

Наврӯз куҳантарин иди мардумии эронитаборон аст ва ҳазорсолаҳост, ки бо қадами сабзи худ кӯҳнаҳоро нав мекунад ва ба дили миллионҳо нафар рӯҳи тоза мебахшад. Наврӯз иди эҳёи табиат буда, фаротар аз эътиқодоти мазҳабӣ ва идеологист. Аз ин рӯ онро дар баробари мардуми эронитабор ҳамчунин қавму миллатҳои зиёд таҷлил ва арҷгузорӣ мекунанд.

Дар Тоҷикистон, ки порае аз зодбуми Наврӯз аст, ин ид дар ҳама шаҳру деҳот ва дар ҳар хонавода бо дилбастагии хоссае таҷлил мешавад.

Мо, кормандони радиои Озодӣ, фарорасии соли нави хуршедиро ба ҳамаи мардуми шарифи Тоҷикистон табрик мегӯем ва соле хушу пурбаракат ва ҳамроҳ бо иззату саломатро орзу мекунем.

Наврӯзатон пирӯз бод!
Ҳар рӯзатон Наврӯз бод!
XS
SM
MD
LG