Пайвандҳои дастрасӣ

Бархӯрди ду киштии Амрико дар Ҳурмуз


Нерӯҳои баҳрии Амрико эълом карданд, ки ду киштии онҳо дар Халиҷи Ҳурмуз дар байни Эрон ва нимҷазираи Араб ба ҳам бархӯрдаанд. Ба гуфтаи нерӯҳои амрикоӣ, яке аз киштиҳо зериобӣ ва атомӣ будааст, вале муҳаррикии атомии он ҳеҷ осебе надидааст. Дар натиҷаи бархӯрди ин киштӣ бо сафинаи дигари мавсум ба ЮСС Ню Орлеанс 15 маллоҳи Иёлоти Муттаҳида захмҳои сабук бардоштаанд. Вале бӯшкаи сӯзишвории ин киштӣ осеб дида ва аз он сӯзишворӣ берун рехтааст.
XS
SM
MD
LG