Пайвандҳои дастрасӣ

Аврупо ба кишварҳои мӯҳтоҷ кӯмак мекунад


Бино ба гузоришҳо, сарони Иттиҳодияи Аврупо тавофуқ кардаанд, то кӯмакҳои молӣ барои кишварҳои узверо ду баробар афзоиш диҳанд, ки дар маҳфили воҳиди пулии евро нестанд ва аз бӯҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ ранҷ мекашанд. Дар тарҳи баёнияи сарони Иттиҳодияи Аврупо омадааст, барои кишварҳои шарқии гирифтори мушкилоти иқтисодӣ 68 миллиард доллар ба ҳайси қарз дастрас хоҳад буд. Дар ин баёния ҳамчунин аз ду баробар афзоиш додани сармояҳои Сандуқи Байналмилалии Пул тарафдорӣ шудааст, то барои наҷоти кишварҳои гирифтор ва ҷилавгирӣ аз бӯҳронҳо кӯмаки молӣ кунад. Сарони Иттиҳодияи Аврупо аз Гурӯҳи 20 ва иқтисодҳои дигари бузург даъват кардаанд, то дар ҳамоишашон дар шаҳри Ландан барои то 500 миллиард доллар афзоиш додани сармояҳои Сандуқи Байналмилалии Пул созиш намоянд.
XS
SM
MD
LG