Пайвандҳои дастрасӣ

Интихоботи Афғонистон дар СММ баррасӣ шуд


Кай Эйде - намояндаи хоси Созмони Милал барои Афғонистон, мегӯяд, тарси мухолифини давлат аз интихоботи ноодилона дар ин кишвар, асос дорад ва нигарониҳои онҳоро набояд нодида гирифт. Кай Эйде аз ҳукумати Афғонистон хост, бо андешидани тадобире нишон бидиҳад, ки интихоботи раёсати ҷумҳур дар моҳи август, “шаффофу одилона” хоҳад буд. Намояндаи Созмони Милал рӯзи панҷшанбе ба Шӯрои Амнияти ин созмон гуфт, интихоботи олуда ба қонуншиканӣ, ноамнии сиёсӣ барангехта ва ҳимоят аз демократияро коҳиш хоҳад дод. Ба гуфтаи Кей Эйде, ҳоло як чолиши аслии сиёсӣ сарнавишти ҳукумати Афғонистон аст, ки баъди 22 май даври раёсати ҷумҳури Ҳомиди Карзай дар он поён меёбад ва ӯ то моҳи август, то замони интихобот ҳаққи идораи давлатро надорад.
XS
SM
MD
LG