Пайвандҳои дастрасӣ

Аврупо даъвати Амрикоро напазируфт


Раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо гуфтанд, барои муқобила бо рукуди иқтисодӣ дар минтақа саъйи кофӣ мекунанд ва даъвати Амрико барои хароҷоти бештар аз буҷаи давлатӣ барои эҳёи рушди иқтисодиро рад намуданд. Дар нишасти сарони кишварҳои узви иттиҳодия дар шаҳри Брюссел онҳо гуфтанд, мунтазиранд, то бубинанд, ки бештар аз ним миллиард долларе, ки барои барномаҳои наҷот масраф мекунанд, чӣ натиҷа медиҳад. Иёлоти Муттаҳида аввали ин ҳафта эълом кард, ки барои эҳёи рушди иқтисодӣ яку аз даҳ ду триллиони изофиро ба гардиш ворид мекунад. Интизор меравад, раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо имрӯз масъалаи то 68 миллиард доллар афзудани ҳаҷми барномаҳои наҷоти молӣ барои кишварҳои заъифтари иттиҳодияро баррасӣ кунанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG