Пайвандҳои дастрасӣ

Барак Обама Наврӯзро табрик гуфт


Барак Обама – раиси ҷумҳури Амрико дар як паёми наврӯзӣ ба мардуми Эрон гуфтааст, ки ҳукумати кишвараш хоҳони “оғози наве” дар равобити дипломатӣ бо Эрон аст. Барак Обама дар ин паёми видеоӣ гуфт, ҳукуматаш омода аст, ба тамоми масоили мавҷуд дар миёни Амрико ва Эронро расидагӣ кунад. Дар паёми наврӯзиаш Барак Обама мегӯяд, Амрико ҷӯёи равобите бо раҳбарони Эрон аст, ки бар асоси “эҳтироми дуҷониба” ва ҳадафи ҳамкориҳои созанда бошад. Даъвати Барак Обама барои равобити дипломатӣ бо Эрон, нуқта гузоштан ба сиёсати раиси ҷумҳури пешини Амрико Ҷорҷ Буш аст, ки аз равобит бо Эрон парҳез кардааст. Амрико ва Эрон тақрибан се даҳсола аст, ки бо ҳам равобити дипломатӣ надоранд.
XS
SM
MD
LG