Пайвандҳои дастрасӣ

Шатранҷбози тоҷик Фаррух Амонатов дар мусобиқаи байнулмилалӣ оид ба шоҳмот барои гиромидошти хотираи аввалин гроссмейстери Узбакистон Георгий Аъзамов дар шаҳри Тошканд ба ҷои дуюм баромад.

Гроссмейстер Фаррух Амонатов, ки дар даври 4-ум бар шатранҷбози Русия, устоди байнулмилалӣ Павел Потапов пирӯз шуд, 3,5 имтиёз ба даст овардааст. Амонатов дар даври панҷум бо гроссмейстери рус Виталий Сешковский, ки бо 4 имтиёз байни 98 нафар дар ҷои аввал мебошад, бозӣ хоҳад кард.

Шатранҷбозони тоҷик Соҳиб Ҷӯраев бо 2,5 имтиёз дар ҷои 30-юм ва Неъмат Зиёев бо 2 имтиёз дар ҷои 45-ум ҷойгир шудаанд. Намояндагони дигари Тоҷикистон Темур Гадоев 1,5 имтиёз, Сӯҳроб Ҳошимов ва Давлатмамад Сангмамадов якимтиёзӣ, Асила Мӯҳтоҷзода ним имтиёз доранд.
XS
SM
MD
LG