Пайвандҳои дастрасӣ

Маркази ҷашнҳои наврӯзи имсола дар Тоҷикистон намоиши театрикунонидашуда дар варзишгоҳи марказии Душанбе бо иштироки ҳунармандони саршиноси кишвар зери раҳбарии Убайдулло Раҷабов дар таърихи 21-уми март мебошад.

Рӯзи 22-юми март дар ҳамин варзишгоҳ пас аз нисфирӯз сабқати ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштӣ доир хоҳад шуд.

Ҳамчунин, дар тамоми боғҳои пойтахт бо иштироки ҳунармандон Наврӯз ҷашн гирифта хоҳад шуд.

Вилоятҳои Хатлону Суғд ва Бадахшон низ Наврӯзро бо намоиши театрикунонидашуда ва консерти сарояндагон дар варзишгоҳҳои мутаносибан шаҳри Қурғонтеппа, шаҳри Хуҷанд ва шаҳри Хоруғ ҷашн хоҳанд гирифт.

Бар илова, дар Кӯлоб рӯзи 21-уми март тамоми арӯсиҳо дар як ҷой таҷлил шуда, ақди никоҳи навхонадоронро мири шаҳри Кӯлоб шахсан хоҳад баст. Ин арӯсиҳо дар боғи марказии шаҳр бо ҳузури ҳазорҳо меҳмон баргузор хоҳад шуд. Шаҳрдорӣ тасмим гирифтааст, ки ба навхонадорон, ки аз оилаҳои камбизоат мебошанд, таҷҳизоти лозимаи рӯзгорро ҳадя бикунад.

Рӯзи 22-юми март дар яке аз тарабхонаҳои шаҳри Хуҷанд консерти сарояндаи маъруфи узбак – Шаҳзода дар назар аст.

Дар Бадахшон дар баробари таҷлил аз Наврӯз дар сатҳи давлат, аз ин ҷашн дар сатҳи мардум низ бошаҳомат таҷлил хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG