Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Насби таҷҳизоти офтобӣ дар Истгоҳи Байналмиллалӣ


Кайҳоннавардон охирин таҷҳизоти офтобиро дар Истгоҳи Байналмиллалии Кайҳонӣ насб карданд. Баъд аз насби ин таҷҳизот бори нахуст дар даҳ соли ахир ин озмоишгоҳи кайҳонӣ ба таври комил бо нируи барқ таъмин мешавад. Кайҳоннавардони амрикоӣ Стивен Свансон ва Ричард Арнолд шаш соъат дар фазои бози кайҳон дар беруни киштии кайҳонӣ кор карданд ва таҷҳизоти 14-тоннаиро ба бағали он часпонданд. Мақомот мегӯянд, ин таҷҳизот мисли боли ҳавопаймост ва 35 метр дарозӣ дорад. Дар дохили он ҳазорон тор ё селулҳо ҷойгир шудаанд, ки нури офтобро ба нируи барқ мубаддал месозанд. Ин таҷҳизоти офтобӣ метавонад 124 киловат-соат нируи барқ тавлид кунад. Имрӯз бори аввал ин болҳо боз мешаванд ва ба фаъолият медароянд.

XS
SM
MD
LG