Пайвандҳои дастрасӣ

"Бозтоби ғазаби мардумӣ" ба мукофотпулиҳо дар Амрико


Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико аз райи Маҷлиси Намояндагони кишвараш, ки мухолифи 90 дарсади андоз аз миллионҳо доллари мукофотпулиҳост, истиқбол кард. Ин мукофотпулиҳо аз ҳисоби сармояҳои танзими молии ҳукумати Амрико пардохт мешуд. Обама дар эъломияе рӯзи панҷшанбе гуфт, ки райи Маҷлиси Намояндагон "бозтоби дуруст ба ғазаб"-и шумораи зиёди мардум бар зидди бузургтарин ширкати бима ё суғуртаи Амрико бо номи Эй Ай Ҷӣ аст. Ин ширкат 165 миллион долларро ба баъзе кормандони боломақоми худ мукофотпулӣ додааст. Обмама мегӯяд, ба тасвиб расидани чунин қонун паёми ҷиддист ва гувоҳи он аст, ки чунин "ҷубронпулиҳо"-ро ҷомеъа таҳаммул намекунад.

XS
SM
MD
LG