Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аврупо махориҷи бештари танзими молиро рад кард


Раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо мегӯянд, онҳо барои муқобила бо бӯҳрони молӣ тадобири кофӣ рӯи даст гирифтаанд, вале даъвати Амрикоро барои афзоиши масориф ҷиҳати барқарории иқтисоди ҷаҳонӣ аз бӯҳрон қабул намекунанд. Рӯзи панҷшанбе раҳбарони кишварҳои Аврупо дар Бруссел гуфтанд, ки онҳо то ҳол мунтазири натиҷаҳои 400 миллиард еврои ба тасвиб расидаи барномаи танзими молӣ мебошанд. Дар ҳамин рӯзҳо Амрико эълон кард ки 1- триллиону 200 миллиард доллар пули навро вориди муъомилот мекунад, то он ба барқарории вазъи молӣ кӯмаке шавад. Имрӯз раҳбарони кишварҳои аврупоӣ дар Бруссел мулоқоти худро идома медиҳанд ва вазъи иқтисодиву молӣ дар Аврупоро баррасӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG