Пайвандҳои дастрасӣ

Интихоботи раиси ҷумҳури Қирғизистон имсол аст


Додгоҳи Қонуни Асосии Қирғизистон тасмим гирифтааст, ки интихоботи раёсати ҷумҳурии ин кишвар бояд то 25-ӯми октябри соли 2009 баргузор шавад. Светлана Сидиқова-раиси додгоҳи мазкур гуфт, тасмими ниҳоӣ дар бораи санаи дақиқи рӯзи баргузории интихоботро порламони кишвар мегирад. Яке аз кумитаҳои марбутаи порламони Қирғизистон гуфтааст, 23-юми июлро рӯзи баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурӣ пешниҳод хоҳад кард. Интизор меравад, ки имрӯз, ҷумъа дар порламон роҷеъ ба ин масъала райдиҳӣ сурат бигирад. Қурмонбек Боқиев-раиси ҷумҳури кунунӣ ба нақша гирифтааст, ки дар интихоботи кунунӣ номзадии худро пешбарӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG