Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия будҷаи худро барои соли ҷорӣ эълон кард


Вазири молияи Русия будҷаи ба таъхирафтода ва бозбинишудаи ин кишварро ба кобинаи вазирон ироа кард. Дар он масорифи будҷа барои соли ҷорӣ бештар дар назар дошта шудааст. Влодимир Путин-нахуствазири Русия дар ҷаласае, ки аз тариқи телевизион намоиш дода шуд изҳор дошт, ки касри будҷаи Русия 87 миллиард доллар ё 7,4 дарсади даромади нохолиси милллиро ташкил медиҳад. Аммо вай инкор кард, ки Руссия пули нав чоп намекунад:


"Такя ба дастгоҳҳои чопи пул дар чунин марҳала ғайриоқилона ва хеле хатарнок хоҳад буд. Агар мо нисбат ба тавлидототамон бештар пул чоп кунем, натиҷаи он ба ҳар иқтисодшиноси дорои таҷрубаи ночиз маълум хоҳад буд. Натиҷаи он боло рафтани нархҳо, се баробар боло рафтани нархҳо ва дар ниҳояти кор фиреби шаҳрвандони кишвар аст".

Дар ҳамин ҳол, омори расмӣ нишон медиҳад, ки дар моҳи феврал дар Русия 300 ҳазор нафар ҷойҳои кории худро аз даст додаанд. Аз моҳи декабр ба ин сӯ шумораи чунин афрод ба як миллион нафар расидааст.

XS
SM
MD
LG