Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи кӯмаки Бонки Осиёии Рушд ба Тоҷикистон


ИТАР-ТАСС аз қавли Бонки Осиёии Рушд мегӯяд, ки ин ниҳоди молӣ кӯмаки худро барои пешрафти иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон идома хоҳад дод ва ин ёриҳо пеш аз ҳама соҳаҳои энергетика ва нақлиётро дар бар хоҳад гирифт. Дар ин замина имрӯз Шиаою Жао, раҳбари ин бонк хабар дод. Вай гуфт, ки боздиди ӯ аз Душанбе бо даҳумин солгарди ҳамкориҳои Душанбеву Бонки Осиёии Рушд мувофиқ омад. Дар ин муддат Тоҷикистон аз Бонки Осиёии Рушд 372 миллион доллар қарз ва инчунин ҳудудан 100 миллион доллар кӯмаки бебозгашт дарёфт кардааст. То соли оянда Бонки Осиёии Рушд ба Тоҷикистон 102 млн долларов кӯмаки бебозгашт ихтисос медиҳад.
XS
SM
MD
LG