Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

IMF пастравии рушди иқтисодиро пешгӯӣ мекунад


Сандуқи байналмилалии пул мегӯяд, ки иқтисоди ҷаҳонӣ эҳтимолан дар соли ҷорӣ то як дар сад коҳиш ёбад. Дар шароите, ки аксар давлатҳои сарватманди ҷаҳон аз рукуди иқтисодӣ азият шуда бӯҳрони молӣ саросари дунёро фаро гирифтааст, Сандуқи байналмилалии пул пешгӯӣ мекунад, ки пастравии нишондодҳои рушди иқтисодӣ аз ним то як дар садро ташкил хоҳад дод. Ва ин нишондод назар ба арқоми пешгӯишудаи моҳи январ ним фоиз камтар мебошад. Сандуқи пул пешгӯӣ мекунад, ки як андоза беҳбуд ёфтани вазъро мешавад дар соли 2010 интизор шуд, ки эҳтимолан яку ним то дую ним дар садро ташкил медиҳад. Аммо ин нишондод низ аз рӯи меъёрҳои ин ниҳоди молиявӣ ҳамоно чун пастравӣ ё рукуди иқтисодӣ арзёбӣ мешавад.
XS
SM
MD
LG