Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эҳтимоли хориҷшавии Боку аз Шӯрои Аврупо


Раиси палатаи ҳукумати маҳаллӣ дар Шӯрои Аврупо дар сӯҳбат бо бахши озарии радиои Озодӣ имрӯз гуфт, дар сурате ки мақомоти Боку силсилаи тағйироту иловаҳо ба Қонуни асосии Озарбойҷонро, ки рӯзи чоршанбе дар назархоҳӣ тасвиб шудааст, дар амал татбиқ намояд, ин кишвар аз узвият дар ин палата маҳрум мешавад. Ян Микаллеф, президенти Конгресси палатаи ҳукумати маҳаллӣ дар Шӯрои Аврупо мегӯяд, ки ислоҳоти нав ӯҳдадориҳои Бокуро дар баробари муқаррароти демократӣ поймол мекунад:

"Мо аллакай ба қароре расидем, ки агар ҳукумати Озарбойҷон ба ӯҳдадориҳои худ пойбанд намонад, ба ҳайси конгресс мо омода ҳастем, ки тамоми тадбирҳои заруриро барои аз узвияти ин ниҳод хориҷ кардани ҳайати Озарбойҷон ба роҳ монем. Ин як иқдоми ҳуқуқии зидди Боку хоҳад буд. Маълум аст, ки ин ҷараён билофосила дар пайи он шурӯъ мешавад, ки ҳукумат ошкоро нишон диҳад, ки омода нест чунин ӯҳдадориҳояшро иҷро кунад".

Микаллеф афзуд, ки тадбири мазкур маънои онро хоҳад дошт, ки Озарбойҷон дафъатан аз ҳайати Шӯрои Аврупо низ хориҷ мешавад. Яке аз ислоҳоти аслии Қонуни асосии Озарбойҷон, ки рӯзи чоршанбе дар натиҷаи раъйгирӣ қабул шуд, ба Илҳом Алиев иҷоза медиҳад, ки бемӯҳлат тамоми умр раиси ҷумҳурии Озарбойҷон бимонад. Микаллей мегӯяд, ки ин чиз боиси поймолшавии принсипи аслии демократия мегардад, ки барои ҷилавгирии аз як президенти мунтахаб ба як диктатор табдил шудани раҳбари кишвар равона шудааст.
Раиси ҳайати Озарбойҷон дар Маҷмаи парлумонии Шӯрои Аврупо дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, ки Микаллеф аз он чи ки дар саҳнаи сиёсии Боку мегузарад, иттилои дуруст надорад.
XS
SM
MD
LG