Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳрири ноадолатиҳои табиат?


Дар ҳоле, ки мақомоту фаъолон ва соҳибкорони 130 давлати ҷаҳон дар Истамбул масъалаи коҳиши захираҳои обро баҳс мекунанд, ба назар мерасад дар чунин шароит танҳо як роҳи воқеии ҳал вуҷуд дорад, ки он ҳам интиқоли об аз кишварҳои соҳиби он ба давлатҳои ташнаи он мебошад. Худи идеяи истифодаи оби каналҳову гузаргоҳҳои азими обгузар ба хотири тиҷорати об нав нест. Аммо бо вуҷуди ин ки аз ин пешниҳод бисёриҳо тарафдорӣ мекунанд, дар ин замина пешравии кам ба назар мерасад.

Чарлз Рекнегел

Барои ҳеҷ кас нав нест, ки об дар саросари олам ба таври нобаробар тақсим шудааст. Масалан, дар ҳоле, ки нимкураи шимолии сайёра, яъне тундраи Сибиру қаламравҳои Канада аз захираҳои об сер мебошанд, чанд ҳазор километр ҷанубтар аз ин манотиқ дар Осиёи Марказиву Африқои Шимолӣ ва Амрикои ҷанубӣ камбуди шадиди об ва хушксолиҳои пайдарпай мардумро ба ҷон овардааст. Ва аз ин хотир ҷои тааҷҷуб нест, ки ҳанӯз аз миёнаҳои қарни бист одамон дар фикри ба истилоҳ таҳрири ин ноадолатиҳои табиат шуданд.

Яке аз чунин пешниҳод, ки такроран рӯи даст гирифта мешавад, бунёди канали обгузари дуҳазоркилометра аст, ки тавонад дарёи Оби Сибирро бо баҳри Арали ҳавзаҳои Қазоқистону Ӯзбакистон пайванд диҳад. Ин пешниҳод ҳанӯз соли 1960 нахустин бор карда шуд ва инак дубора дар соли 2002 садо дод. Аз иҷрои тарҳи мазкур бавижа кишваре мисли Ӯзбакистон тарафдорӣ мекунад, ки аз захираҳои обии Тоҷикистону Қирғизистони ҳамсоя вобаста буда, ҳамасола барои тавлиди ҳар як тонна пахта ба чор-панҷ тонна об ниёз дорад.

Комиссиюни Аврупо дар навбати худ барои ҳалли масъалаи дастрасӣ ба об дар Испанияву Юнон роҳи интиқоли онро аз кӯҳҳои барфосои Алп тавассути лӯлаи махсусе андеша дорад. Андерс Барнтелл аз Пажӯҳишгоҳи байналмилалии оби Стокҳолм мегӯяд, ки ин ва дигар идеяҳо оид ба тақсими об қобили дастгирист ва аммо баробар бо он, ҳамаи онҳо хеле гаронқиматанд. Илова ба ин, гуфт вай, барои иҷрои чунин тарҳҳо пеш аз ҳама иродаи қавии сиёсии давлатҳои соҳиби об лозим аст, ки барои тақсими захираҳои оби худ омодагӣ нишон диҳанд. Аз ҳамин хотир, мегӯяд вай, ин давлатҳо аксаран баҳонаҳои муҳитзистиро ҳамчун далели норизоияти худ пеш меоранд.

Аммо бо ин вуҷуд, чанд намунаи иҷрои ингуна тарҳҳо вуҷуд дорад. Масалан, Туркия дар дили дарёи Манавгат як роҳи интиқоли обро бо қимати 150 миллион доллар бунёд кардааст, ки аз наздикиҳои Анталия гузашта, вориди баҳри Миёназамин мешавад. Аз ин об масрафкунандаҳои минтақаии он истифода мекунанд. Исроил соли 2002 барои харидории 50 миллион метри мукааб об дар сол бо Туркия қарордоде ба мӯҳлати 20 сол ба имзо расондааст. Арзиши он як миллиард долларро ташкил медиҳад. Исроил хоҳони он аст, ки об мунтазам тавассути лӯлае вориди ин кишвар шавад, аммо он ногузир аз қаламрави ҳамсояи нохушояндаш Сурия бояд убур кунад.

Ва бо назардошти чунин монеаву саддҳои сиёсӣ барои дастрасӣ ба захираҳои об, мутахассисон пешниҳоде мекунанд, ки дар забони иқтисодӣ бо истилоҳи "тақсими боманфиат" ёд мешавад. Андерс Барнтелл дар ин замина мегӯяд:
"Агар шумо дар шароите қарор доред, ки кишварҳои болооб дорои захираҳои азим ҳастанд ва давлатҳои поёноб тавони тавлиди маводи ғизои зиёдро доранд, пас шояд кишварҳои болооб захираҳои бештари худро дар ихтиёри ҳамсояашон қарор медиҳанд, то дар ниҳояти амр аз маҳсулоти озуқаи ҳамсояи поёнобашон баҳра бубаранд. Ва дар ин замина созишномаҳои тиҷоратӣ ба имзо расонда ғизои онро бо қиматҳои муносибу машваратшуда дастрас кунанд".

Чунин таҷрибаи ҳасанаи тақсими обро бар ивази ғизо, мегӯяд ӯ, мешавад дар мисоли доду ситадҳои Африқои Ҷанубӣ ва Лесото мушоҳида кард. "Миёни Африқои Ҷанубӣ ва Лесото созишномае амал мекунад. Тибқи он Лесото соҳиби як оббанд ё садд аст ва об аз роҳи он ба самти Йоҳаннесбург интиқол меёбад, то ки барои масрафоти шаҳр ва саноати ангишти он истифода шавад. Африқои Ҷанубӣ бошад барои буҷаи давлатии Лесото барои истифодаи ин об миқдори зиёди пулро пардохт мекунад".

Ҳоло савол ин аст, ки оё формулаи мазкур барои кишварҳои мисли Қирғизистону Тоҷикистон ва ҷумҳуриҳои поёноби мисли Қазоқистону Ӯзбакистон кор хоҳад омад ё на? Ин масъала пеш аз ҳама, тавре коршиносон низ таъкид мекунанд, ба иродаи сиёсии ин кишварҳо вобаста мебошад.
XS
SM
MD
LG