Пайвандҳои дастрасӣ

Фритсл ба ҳукми абад маҳкум шуд


Имрӯз додгоҳи Австрия Йозеф Фритсл, марди 73-солаеро, ки дар як қатор ҷиноят, аз ҷумла, ҳамзистӣ бо духтараш ва таваллуди ҳафт фарзанд дар тӯли беш аз бист соли зиндагии пинҳонӣ бо ӯ айбдор мешавад, ба ҳукми абади зиндон маҳкум кард. Фритсл дар ҳабси хонагии иҷбории духтараш, таҷовуз ба номус, марги наберааш, ки бар асари беэътиноӣ рух додааст, низ айбдор мешавад. Ин мард дар тӯли солҳо духтари худро дар таҳхонаи манзилаш дар паси дари оҳании баста нигоҳ дошта бо вай ҳамзистӣ кардааст ва дар натиҷаи чунин ҳамзистӣ соҳиби фарзанд низ шудааст. Рӯзи чоршанбе, баъди намоиши баёноти видоеии духтараш, ки 11 соат тӯл кашидааст, Фритсл ба ҳама гуноҳҳои содиркардааш иқрор шуд.
XS
SM
MD
LG