Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз Ваҳдат тавассути Ёвон то ба Афғонистон


Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар пайи як сафараш ба ноҳияи Ваҳдат дар маросими оғози сохтмони қитъаи роҳи оҳани “Ваҳдат-Ёвон”, ки қисмате аз роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппаро ташкил медиҳад, ширкат кард.

Масъулони мақомоти Тоҷикистон сохтмони роҳи оҳани “Ваҳдат-Ёвон”-ро, ки бо дастури президент Раҳмон оғоз ёфт, барои кишвар дар шароити доғи бӯҳронӣ муҳим мешуморанд. Юрий Юлдошев, муовини раиси Идораи тарроҳии Тоҷикистон, мегӯяд, ин роҳ бештар аз чиҳил километр тӯл дошта, сохтмони он бо маблағи худӣ ва аз ҳисоби ширкати воҳиди давлатии Роҳи оҳан анҷом мешавад. Вай гуфт, дар минбаъда ин роҳ метавонад Душанберо бо Қӯрғонтеппа ва тавассути истгоҳе дар ноҳияи Колхозобод бо Афғонистон пайванд диҳад. Ӯ гуфт, агар дуруст маблағгузорӣ шавад, сохтмони ин роҳ дар се сол хотима меёбад.

Аммо дафтари раёсатҷумҳурӣ имкони ҷалби сармоягузорони хориҷӣ ба сохтмони ин роҳи оҳанро низ сарфи назар намекунад. Дар ҳоле ки барои сохтмони он ҳудудан 140 миллион доллари амрикоӣ тақозо мешавад, ки ба гуфтаи коршиносон, ширкати роҳи оҳани Тоҷикистон ҳоло дар бисоташ ин гуна маблағи нақдро надорад.

Масъуд Собиров, иқтисоддони тоҷик, низ дар ҳоли ҳозир сохтмони роҳи оҳани “Ваҳдат-Ёвон”-ро бидуни натиҷа медонад. Вай мегӯяд, дар ҳоле ки Тоҷикистон наметавонад дар баробари оддитарин мушкили иқтисодияш истодагарӣ кунад, оғози сохтмони ин роҳ феҳрасти мушкилоти сокинони кишварро коҳиш надода, балки ба мушкили дигаре табдил меёбад.

Бо ин вуҷуд, мақомоти Тоҷикистон сохтмони ин роҳи оҳанро барои чархиши тиҷорати дохилӣ ва содашавии рафтуомади сокинони манотиқи мухталифи кишвар муҳим арзёбӣ мекунанд. Бахусус, дар шароите, ки мақомоти Тоҷикистону Афғонистону Эрон барои иҷрои тарҳи муштараки сохтмони роҳҳо, нақбҳо ва роҳи оҳани байни се кишвар талош мекунанд.

Исмоил Талбаков, вакили Маҷлиси Намояндагон, мегӯяд, кушоиши ин роҳ метавонад бозори марказиро аз маҳсулоти кишоварзони минтақаи ҷануби кишвар пур кунад. Ба гуфтаи вай, ин талошҳо дар ҳоле сурат мегирад, ки маҳсулоти воридотии Тоҷикистон назар ба маҳсулоти содиротии он қиёснашаванда аст ва аксаран бозорҳои кишвар аз камбуди маҳсулоти дохилӣ ранҷ мебаранд.

Ва дар ҳамин ҳол, Сайидумар Ҳусайнӣ, муовини раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, низ натиҷаҳои мусбати ин роҳи оҳанро нодида намегирад. Ба гуфтаи вай, Тоҷикистон ба ин гуна роҳҳои наздики дохилӣ эҳтиёҷ дорад, бахусус, дар шароите, ки рафтуомад тавассути кишварҳои ҳамсоя барои сокинон чандон содда нест.

Аммо ин ҳама талошҳо барои сохтмони як роҳи оҳан дар ҳолест, ки ба қавли коршиносон, мақомоти Тоҷикстон наметавонанд бо сармояи давлати Эрон сохтмони нақби “Истиқлол” дар гарданаи Анзобро, ки шимолу маркази Тоҷикистонро ба ҳам мепайвандад, ба анҷом расонанд. Ва ахиран Абдураҳими Ашӯр, вазири роҳ ва мухобироти Тоҷикистон, ҳам гуфтааст, ки барои комилан анҷом додани кори ин нақб ба бештар аз шаш миллион доллари дигар ниёз доранд.
XS
SM
MD
LG