Пайвандҳои дастрасӣ

Моше Катсав дар таҷовуз айбдор мешавад


Раиси ҷумҳурии пешини Исроил Моше Катсав имрӯз расман барои таҷовуз ба номуси се зани ҳамкори собиқаш муттаҳам дониста шуд. Додгоҳи ноҳиявии Тел-Авив Катсавро дар ду мавриди таҷовуз ба номус ва як мавриди озори ҷинсии ҳамкорҳояш дар замони вазири ҷаҳонгардӣ будани ӯ солҳои 1996-1999 муттаҳам кард. Тибқи айбномаи додгоҳ, дар замони раёсатҷумҳуриаш соли 2000 низ Катсав нисбати ду зани ҳамкораш бадрафторӣ кардааст. Вай соли 2007 аз вазифа истеъфо дода, аммо ҳама гуна иттиҳомотро рад кард ва гуфт, ки ин ҳамлаи ташкилшудаи зидди вай кори дасти рақибони сиёсӣ ва расонаҳои хабарӣ мебошад.
XS
SM
MD
LG