Пайвандҳои дастрасӣ

"Маҳвораи Умед бомуваффақият вазифаашро анҷом дод"


Телевизиони давлатии Эрон имрӯз эълон кард, ки маҳвораи нахустини сохти ватанӣ, ки моҳи гузашта ба мадор фиристода шуд, вазифаҳои худро ба иҷро расондааст. Коршиноси умури кайҳонӣ Асғар Иброҳимӣ гуфт, ки "маҳвора муваффақона рисолати худро ба анҷом расонид". Вай гуфт, маҳвораи "Умед", ки моҳи феврал дар рӯзҳои таҷлил аз 30-юмин солгарди инқилоби исломӣ фиристода шуд, 38 рӯзи дигар то замони воридшавиаш ба атмосфераи Замин дар мадор боқӣ хоҳад монд. Дар пайи ин ҳодиса ҷомеаи ҷаҳонӣ аз рушди фанновариҳои Эрон изҳори нигаронӣ карда гуфт, ки он метавонад бо ҳадафҳои низомӣ истифода шавад. Эрон дар навбати худ ҳар гуна ҳадафҳои низомӣ ё ҳастаӣ доштани барномаҳои кайҳоии худро рад кардааст.
XS
SM
MD
LG