Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қирғизистон интихобот баргузор мешавад


Додгоҳи Қонуни асосии Қирғизистон имрӯз ҳукм кард, ки моҳи октябри соли ҷорӣ дар ин кишвар интихоботи раёсатҷумҳурӣ баргузор шавад. Светлана Сиддиқова, раиси ин додгоҳ гуфт, ки таърихи баргузории интихоботро парлумон таъйин мекунад, аммо ин чорабинӣ бояд ҳатман пеш аз таърихи 25 октябри соли ҷорӣ баргузор шавад. Интихоботи ахири президентии Қирғизистон июли соли 2005, қабл аз мӯҳлат баргузор шуд ва боис ба он шуд, ки раиси ҷумҳурӣ Қурмонбек Боқиев аз додгоҳи конститутсионӣ таъини таърихи баргузории интихоботи навбатиро дархост кунад. Боқиев худ ният дорад номзадиашро ин навбат низ пешбарӣ кунад. Вай дар қабули конститутсияи нави кишвараш соли 2007 даст дошт, ки ба як шахс иҷоза медиҳад дар салоҳиятҳои раёсатҷумҳуриро ду мӯҳлати панҷсола ба ӯҳда бигирад. Мухолифин президентро барои маҳдуд кардани имнияти ширкати номзадҳои онҳо дар интихобот муттаҳам кардаанд.
XS
SM
MD
LG