Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳунарпешаи бритониёӣ Наташа Ричардсон даргузашт


Ҳунарпешаи маъруфи бритониёӣ Наташа Ричардсони 45-сола баъди як нохушие ҳангоми лижаронӣ ба ҳалокат расид. Вай рӯзи душанбе аз як осоишгоҳи Квебек бо ҷароҳатҳои дар назари аввал сабук ба беморхона интиқол дода шуд. Вай дар чанд филми ҳунарии сохтаи Ҳолливуд нақшофаринӣ карда, ҳамчунин дар саҳнаҳои театрии Лондон ва Бродвей низ бозӣ кардааст. Барои иҷрои нақшаш дар намоишномаи театрии "Кабаре"-и Бродвей дар соли 1998 вай соҳиби ҷоизаи бонуфузи театрии Tony шуда буд. Ӯ духтари ҳунарпешаи маъруфи бритониёӣ Ванесса Редгрейв ва коргардон Тони Ричардсон мебошад.
XS
SM
MD
LG