Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми Фритсл имрӯз содир мешавад


Имрӯз додгоҳи Австрия қарор аст ҳукми Йозеф Фритсл, марди 73-солаеро содир кунад, ки дар як қатор ҷиноят, аз ҷумла, ҳамзистӣ бо духтараш ва таваллуди ҳафт фарзанд дар тӯли беш аз бист соли зиндагии пинҳонӣ бо ӯ айбдор мешавад. Фритсл дар ҳабси хонагии иҷбории духтараш, таҷовуз ба номус, марги наберааш, ки бар асари беэътиноӣ рух додааст, низ айбдор мешавад. Ин мард дар тӯли солҳо духтари худро дар таҳхонаи манзилаш дар паси дари оҳании баста нигоҳ дошта бо вай ҳамзистӣ кардааст ва дар натиҷаи чунин ҳамзистӣ соҳиби фарзанд низ шудааст. Рӯзи чоршанбе, баъди намоиши баёноти видоеии духтараш, ки 11 соат тӯл кашидааст, Фритсл ба ҳама гуноҳҳои содиркардааш иқрор шудааст. Ба ин мард ҳукми абади зиндон таҳдид мекунад, ки интизор меравад имрӯз содир шавад.

XS
SM
MD
LG