Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бохти Тоҷикистон дар даври ниманиҳоии Ҷоми «Ала-То»


Дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон дар даври ниманиҳоии мусобиқаи байнулмилалӣ барои дарёфти Ҷоми «Ала-То-2009» аз тими миллии Қирғизистон бо ҳисоби 0:2 мағлуб шуд.

Дар бозии дигари ниманиҳоӣ дастаи мизбон - «Абдиш-Ота»-и Кант - бар тими «Олой»-и Ӯш бо ҳисоби 3:0 ғалаба кард. Воқеъан, «Абдиш-Ота», барандаи медали нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии Қирғизистон, пеш аз ин дидор дар даври охирини сабқати гурӯҳӣ мунтахаби олимпии Тоҷикистонро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод ва бо 12 имтиёз ғолиби гурӯҳи «А» гардид. Мунтахаби олимпии Тоҷикистон бо 7 имтиёз ҷои дуюмро касб кард.

Нуриддин Букуев, корманди масъули Федеросиюи футболи Қирғизистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, 20-уми март дар бозии ниҳоии Ҷоми «Ала-То-2009» дастаи «Абдиш-Ота» ва мунтахаби миллии Қирғизистон рақобат мекунанд.

Қабл аз бозии ниҳоӣ мунтахаби олимпии Тоҷикистон ва дастаи «Олой»-и Ӯш барои ҷои сеюм талош хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG