Пайвандҳои дастрасӣ

Тавофуқоти Молдова бо ҷудоихоҳони Приднестровие


Музокироти намояндагони Молдова, Приднестровие ва Русия дар Маскав

Музокироти намояндагони Молдова, Приднестровие ва Русия дар Маскав

Молдова ва минтақаи ҷадоихоҳи Приднестровие бо миёнҷигарии Русия ба тавофуқ расиданд, ки барои ҳали сулҳомези муноқишаи 19-солаи худ корҳое анҷом хоҳанд дод.

Ҷонибҳо қавл доданд, ки билофосила барои оғози раванди музокирот ба гуфтугӯ шуруъ мекунанд. Ин суханон баъд аз имзои иъломияи муштарак садо дод. Эъломияро Влодимир Воронин, раисиҷумҳури Молдова, Игор Смирнов, раҳбари Приднестровие ё Моварои Денестр ва Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳури Русия, имзо карданд.

Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия, гуфт, ҷонибҳо ҳамчунин розӣ шудаанд, ки ба нерӯҳои посдори сулҳи Русия дар Моварои Денестр мақоми нерӯҳои байнулмиллалии посдори сулҳ дода мешавад ва ин нерӯҳо зери назари САҲА фаъолият кунанд. Оқои Лавров афзуд, чунин кор танҳо дар сурате анҷом хоҳад гирифт, ки агар ду тарафи муноқиша, яъне Молдова ва ҷумҳурии ҷудоихоҳи Моварои Денестр ба ҳалли масъала розӣ шаванд:

"Ҷонибҳо нақши амалиёти сулҳҷӯёнаи ин нерӯҳоро дар таъмини субот дар Моварои Денестр ёдоварӣ карданд ва ба тавофуқ расиданд, ки муносиб хоҳад буд, агар ин нерӯҳо баъд аз ҳалли муноқиша зери назари САҲА ба нерӯҳои байнулмиллалии посдори сулҳ мубаддал шаванд".

Дар гузашта намояндагон изҳори нигаронӣ карда буданд, ки Маскав мехоҳад ҳарчӣ зудтар ин муноқишаи аз гузаштаҳо боқимондаро аз роҳи имзои мувофиқатнома ҳал кунад ва нозирони байнулмиллалӣ натавонанд бар ҷараёни музокироти ҷонибҳо назора кунанд. Дар музокироти "панҷ бар иловаи ду", яъне ба ҷуз аз ду тарафи муноқиша Русияву Укроин, САҲА ва Амрикову Иттиҳодияи Аврупо низ ширкат мекунанд.
XS
SM
MD
LG