Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бузургтарин ширкати бимаи Амрико “Эй Ай Ҷӣ” аз кормандонаш хоҳиш кардааст, ки ихтиёран як қисми пулҳои ба ҳайси мукофот дарёфткардаашонро баргардонанд.

Раиси ин ширкат Эдвард Лиддӣ зимни ҳисоботаш дар назди зеркомиссияи Конгресси ИМА дар умури бозорӣ молӣ, бима ва муассисаҳое, ки аз ҷониби ҳукумат сармоягузори мешаванд, гуфт, “баъзеҳо аллакай чунин ташаббус нишон дода пешниҳод карданд, ки 100 дарсади маблағи дарёфткардаашонро баргардонанд”.

Аммо зимни саволу ҷавоб дар Конгресс Лиддӣ таъкид бар он дошт, ки тақдими мукофотҳо бахши ночизи тамоми ҳаҷми сармояи ҳукуматро ташкил медиҳад, ки ба “Эй Ай Ҷӣ” дода шуда буд ва ин иқдом на танҳо ҳамаҷониба қонунӣ, балки абзори бисёр хуби соҳибкорӣ низ маҳсуб мешавад. Вай афзуд, ки тибқи қарордоҳои кори мукофотҳо бояд ба кормандон пардохт мешуд.

Лиддӣ гуфт, ки албатта тақдими мукофотҳо ба он кормандоне, ки ба фурупошии ширкат кумак расонданд, кори ношоям аст, аммо таъкид намуд, ки ин ягона роҳи дуруст буд ва аз ин роҳ мешуд мутахассисони заруриро дар вазифаҳояшон нигоҳ дошт.

Ин дар ҳолест, ки аз 418 ходими “Эй Ай Ҷӣ”, ки аз маблағи мазкур бархурдор шуданд, 52 нафаре, ки дар умум 33 миллион доллар дарёфт намуданд, аз он ширкат рафтаанд. Таҳлилгарон савол матраҳ мекунанд, ки ҳатто агар онҳо дар ҷойҳои кориашон боқӣ мемонданд, наход ки онҳо ба чунин қиммат меарзиданд?
Бино бар ақидаи раиси комиссиюни зидахли Конгресс Барнӣ Франк аз ҳизби демократӣ, ин тавр нест. Вай мегӯяд, агар ягон корманди “Эй Ай Ҷӣ” тасмим бигирад, ки пулҳоро барнамегардонад, Конгресс барои пасгирифтани пулҳо чораҳои заруриро рӯи даст хоҳад гирифт, чунки дастикам 80 дарсади саҳмияҳои “Эй Ай Ҷӣ” моли мардуми Амрикост.

Дар ҳоле ки саволу ҷавоби Лиддӣ дар Конгресс идома дошт, раисҷмуҳури Амрико Барак Обама эълон намуд, ки ҳукуматаш бо аъзои калидии Конгресс имкони ташкили як ниҳоди идориро баррасӣ мекунанд. Ин дастгоҳи идорӣ бояд сарпарастии чунин муассисаҳои нокомшуда назири “Эй Ай Ҷӣ”-ро ба зимма гирифта иҷозат надиҳад, ки дар рафти тасвияи ширкатҳои марбут нобуд шаванд.
XS
SM
MD
LG