Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Илҳом Алиев президенти якумрӣ мешавад?


Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев ҳангоми раъйдиҳӣ
Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев ҳангоми раъйдиҳӣ

Дар як раъйпурсӣ мардуми Озарбойҷон барои аз миён бардоштани маҳдудият дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ овоз додаанд.

Тибқи Қонуни асосии ин кишвар, то ҳол як нафар ҳақ дошт танҳо дар ду давраи раёсати ҷумҳурӣ интихоб шавад. Бино ба маълумоти муқаддамотӣ роҷеъ ба натиҷаҳои раъйпурсӣ, ҳоло бо 92 дарсади овозҳо ин маҳдудият аз миён бардошта шуд.

71 дарсади аҳолии ҳақи раъй дошта дар ин раъйпурсӣ ширкат кардаанд. Ин натиҷаҳои муқуддамотист ва натиҷаҳои раъй танҳо дар 54 ҳавза дар назар гирифта шудааст.

Акнун Илҳом Алиеви 47-сола имкон дорад, ки тамоми умр раиси ҷумҳурӣ бимонад, агар ҳар дафъа дар интихобот баранда шавад. Вай баъд аз падараш Ҳайдар Алиев аз соли 2003 дар сари қудрат аст.
XS
SM
MD
LG