Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раиси ширкати ЭЙ Ай Ҷӣ аз худ дифоъ кард


Эдвард Лиддӣ-раиси бузургтарин ширкати бима ё суғуртаи Амрико бо номи Эй Ай Ҷӣ аз суолу ҷавоб дар Конгресс истифода бурд, то аз фаъолиятҳои худ дар ин ширкат дифоъ кунад. Вай раҳбарии ин ширкатро моҳи сентябри соли гузашта бар ӯҳда гирифта буд. Лиддӣ, ки барои пардохти 160 миллион доллар ба кормандони аршади худ аз ҳисоби пули андоздиҳандагон дар Конгресс мавриди саволборон қарор гирифт, изҳор дошт, ки вай баъд аз омадан ба ин мақом дар бораи подошҳои пулӣ ба кормандони аршад санаде имзо накардааст. Ширкати бима ё суғуртаи Амрико бо номи Эй Ай Ҷӣ барои пардохти мукофотпулӣ мавриди интиқоди ҷомеъа ва сиёсатмадорон қарор гирифтааст.

XS
SM
MD
LG