Пайвандҳои дастрасӣ

Бонки федералии Амрико қарзҳои давлатро мехарад


Бонки федералии Амрико эълон кард, ба нақша гирифтааст, ки дар зарфи шаш моҳи оянда ба арзиши 300 миллиард доллар қарзҳои баландмуддати ҳукуматро бихарад. Баъд аз ду рӯзи мулоқот дар Вошингтон кумиссиюни сиёсатҳои бонки марказии Амрико дар эъломияе гуфт, ки пардохти қарзҳои марбут ба харидории хонаро бештар мекунад, то бад-ин васила ба бозори қарза кӯмак расонад. Ин қарзҳо 750 миллиард долларро ташкил медиҳад.

XS
SM
MD
LG