Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзноманигори эронӣ дар зиндон даргузашт


Умедризо Мирсайёфӣ -соҳиби як блоги интернетӣ ё торнамои эронӣ дар зиндони Эвини Теҳрон даргузаштааст. Хоҳари вай ба бахши "Фардо"-и Радиои Озодӣ гуфтааст, даргузашти бародари 28-солааш хеле шубҳаовар ба назар мерасад. Созмони гузоришгарони бидуни марз аз ин хабар таъаҷҷуб кард ва хост, ки билофосила шароити даргузашти ин рузноманигор мавриди таҳқиқ қарор бигирад. 7-ӯми феврали соли ҷорӣ Умедризо Мирсайёфӣ барои бозпурсӣ ба додгоҳи инқилобӣ даъват шуда буд ва дар поёни бозпурсӣ вайро ба зиндон андохтанд. То ҳол вакилони мудофеъи вай аз додгоҳ дар бораи боздошти вай санаде дарёфт накардаанд. Торнамои Умедризо Мирсайёфӣ аслан дар бораи мусиқии сунатии Эрон ва фарҳанги ин кишвар мақолаҳо ба нашр мерасонд, на дар бораи сиёсат.

XS
SM
MD
LG