Пайвандҳои дастрасӣ

Илҳом Алиев раиси ҷумҳури якумрӣ мешавад?


Дируз дар райпурсӣ мардуми Озарбойҷон барои аз миён бардоштани маҳдудият дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ рай доданд. Тибқи Қонуни асосии ин кишвар, то ҳол як нафар ҳақ дошт танҳо дар ду давра раёси ҷумҳурӣ интихоб шавад. Бино ба маълумоти муқаддамотӣ роҷеъ ба натиҷаҳои райпурсӣ ҳоло бо 92 дарсади оро ин маҳдудият аз миён бардошта шуд. 71 дарсади аҳолии воҷиди шароити рай дар райпурсӣ ширкат кардаанд. Ин натиҷаҳои муқуддамотист ва натиҷаҳои рай танҳо дар 54 ҳавза дар назар гирифта шудааст. Акнун Алиев Илҳоми 47 сола имкон дорад, ки тамоми умр раиси ҷумҳурӣ бимонад, агар ҳар дафъа дар интихобот баранда шавад. Вай баъд аз падараш Ҳайдар Алиев аз соли 2003 дар сари қудрат аст.
XS
SM
MD
LG